Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳокимаи 47 нафар дар Қазоқистон идома мекунад


Дар шаҳри Оқтойи Қазоқистон муҳокимаи 47 нафар муттаҳам ба терроризм шурӯъ шуд. Ҳамаи онҳо аз 21 то 32 сол доранд ва ба ташкили гурӯҳи террористӣ ва талош барои бомбгузорӣ дар Атирау ва дигар шаҳрҳои ғарби Қазоқистон муттаҳам мешаванд. Мақомот мегӯянд, баъзе аз муттаҳамон дар ғайбашон муҳокима мешаванд ва аз ин рӯ маълум нест, чанд нафари онҳо боздошт шудаанд. Муҳокима паси дарҳои баста сурат мегирад. Ин афродро моҳи октябри соли гузашта баъди таркишҳо дар шаҳри Атирауи Қазоқистон боздошт карданд. Яке аз бомбгузорони маргталаб кушта шуд. Як гурӯҳи номаълуме бо номи Ҷунд ал-Халифа, ё сарбозони хилофат масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш гирифта буд.
XS
SM
MD
LG