Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Афғонистон як низомипӯш ду сарбози НАТО-ро кушт


Нируҳои байналмиллалии зери фармондеҳии НАТО дпар Афғонистон мегӯянд, ки як мард дар либоси низомиёни артиши Афғонистон дар дохили пойгоҳи НАТО дар ҷануби Афғонистон ду сарбози нируҳои байналмиллалиро ҳадафи тир қарор додааст.
Майор Ҷейсон Вогоннер-сухангӯи нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ дар Афғонистон гуфт, ҳамлакунанда дар оташи ҷавобии низомиёни НАТО кушта шудааст. Ин ҳодиса дар шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманди Афғонистон ба вуқӯъ пайваст. Сабабҳои ҳамла то ҳҳол маълум нест. Бори аввал нест, ки кормандони хадамоти амниятии Афғонистон ҳампаймонҳо ва тамрингарони хориҷии худро ҳадафи тир қарор медиҳанд. Ин ҳамлаҳо баъд аз оташ задани нусхаҳои Қуръони маҷид дар пойгоҳи ҳавоии амрикоиии Багром ва куштори 16 сокини осоиштаи вилояти Қандаҳор аз сӯи сарбози амрикоӣ Роберт Бейлз афзоиш ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG