Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Атирайи Қазоқистон додгоҳи 47 нафар оғоз ёфт


Дар шаҳри Атирайи Қазоқистон мурофиаи додгоҳии 47 нафар, ки ба терроризм муттаҳам мешаванд, оғоз шуд. Афроди муҳокимашаванда аз 21 то 32 сола ҳастанд. Онҳо барои ташкили як гурӯҳи террористӣ, омодагӣ ва анҷоми инфиҷор дар шаҳри Атирай ва шаҳрҳои дигари минтақа муттаҳам дониста мешаванд. То ҳол маълум нест, ки аз ин 47 нафар мақомот чанд нафари онҳоро боздошт кардаанд. Мақомот мегӯянд, ки баъзе аз онҳоро дар ғиёбашон муҳокима мекунанд. Мурофиа боз аст ва мардум метавонанд ширкат ҷӯянд. Афроди гумонбар моҳи октябри соли гузашта баъд аз анҷоми ду инфиҷор дар шаҳри Атирай боздошт шуда буданд.
XS
SM
MD
LG