Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Покистон гуноҳи се зани Бен Лоденро эълон мекунад


Интизор меравад, ки додгоҳи Покистон ба се хонум ва ду духтари Усома Бен Лоден ба таври расмӣ иттиҳом пешниҳод кунад. Баъд аз куштори Бен Лоден ба дасти нируҳои дарёии Амрико дар моҳи маи соли гузашта се хонуми вай дар Покистон дар зиндон ба сар мебаранд. Вакили мудофеи ин занҳо изҳор дошт, ки 2 апрел додгоҳ ин хонумҳоро барои вуруди ғайриқонунӣ ба Покистон ва иқоматашон дар ин кишвар муттаҳам эълон мекунад. Ду хонуми Бен Лоден шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ва севвумӣ шаҳрванди Яман мебошанд.
XS
SM
MD
LG