Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон тасмимҳои чор конфронси дигари RECCA-ро умдатан иҷронашуда номид.

Конфронси панҷуми минтақаии ҳамкории иқтисодӣ барои Афғонистон бо суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ шуд. Ҷаноби Раҳмон изҳори умедворӣ, ки ҳамоиши Душанбе хоҳад тавонст, сафҳаи тозаеро дар роҳи бозсозӣ ва рушди иқтисодии Афғонистон боз кунад. Аммо ҳамзамон бо ин умедвориҳо, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, қарорҳои чаҳор конфронси дигари RECCA умдатан иҷро нашудаанд. Вай ба эҷоди як механизми муносиби татбиқи тасмимҳои RECCA-и панҷум таъкид намуд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба манфиатдор будани кишвараш барои як Афғонистони босубот ва устувор ишора намуд ва гуфт, Тоҷикистон ба ваъдаҳои худ дар ин замина вафо хоҳад кард. Ӯ аз тарҳи КАСА-1000 ба унвони барномае, ки ба нафъи ду кишвар ва инчунин ба суди ҳамгироии бештари минтақаӣ анҷом мешавад, ёдовар шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба зарурати тақвияти мубориза бо маводи мухаддир низ таъкид намуд ва гуфт, мисли он ки барои аз Афғонистон ба хориҷи ин кишвар қочоқ нашудани маводи мухаддир мубориза сурат мегирад, барои ба Афғонистон ворид нашудани прекурсор ё маводҳои химиявие, ки дар кишварҳои дигар тавлид мешаванд, низ бояд барномаи мубориза таҳия шавад.

Дар акс: Ҳомиди Карзай, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Эмомалӣ Раҳмон

Дар акс: Ҳомиди Карзай, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Эмомалӣ Раҳмон

Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, зимни сипос аз Тоҷикистон ва кишварҳои ширкаткунанда аз онҳо даъват кард, ки аз марҳилаи ҳарф ба марҳилаи амал дар ростои барномаҳои иқтисодии Афғонистон бигузаранд. Ӯ афзуд, дар сурати амалӣ шудани тарҳҳои иқтисодие, ки дар конфронсҳо ироа мешаванд, Афғонистон бо таваҷҷӯҳ ба мавқеи ҷуғрофияш шерозаи рушди иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар минтақа хоҳад буд. Ҳомиди Карзай гуфт, дар чаҳор конфронси дигари RECCA асосан усули фикрӣ ва барномаҳои иқтисодӣ пайрезӣ шудаанд ва изҳори умедворӣ кард, ки иҷлоси панҷум марҳилаи иҷрои ваъдаҳо хоҳад буд.

Ҷаноби Карзай таъкид намуд, ки вақте ин барномаҳо амалӣ мешавад, ки кишварҳои минтақа саодат ва хушбахтии худро дар саодати миллатҳои ҳамсояи худ ҷустуҷӯ кунанд ва танҳо пайдо намудани нуқтаи иштирок дар манофеи якдигар метавонад рози иҷрои ин барномаҳоро боз кунад.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон низ гуфт, бояд санаде мураттаб шавад, ки кадом кишвар ба Афғонистон чӣ ваъда дода ва то куҷо ваъдаи худро иҷро кардаанд. Аммо, афзуд ӯ, агар ҳамаи ваъдаҳои кӯмак ба Афғонистон ҳам иҷро шавад, ин роҳи ҳалли мушкили он кишвар нахоҳад буд. Аҳмадинажод гуфт, роҳи ҳал ихроҷи ҳарчи сареи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон аст.

Ӯ бо ироаи чанд пешниҳод барои ҳалли мушкили Афғонистон, аз ҷумла гуфт, ки кишварҳои узви НАТО агар 5 дарсади буҷаи низомии худ ва ё 25 дарсади масрафи нерӯҳои НАТО дар Афғонистонро дар муддати 10 сол дар ихтиёри давлати Афғонистон қарор бидиҳанд, онҳо мушкили худро ҳал хоҳанд кард.



Як сухангӯи дигари ин ҳамоиш Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон буд ва гуфт, Афғонистони аз нигоҳи иқтисодӣ босубот ба нафъи амнияти минтақа ва мубориза бо терроризму ноамнӣ мебошад. Покистон барои иҷрои ваъдаҳои худ дар Афғонистон то кунун сармоягузориҳои зиёде кардааст. Ӯ гуфт, «ман ин ҷо ҳузур дорам, то тааҳҳуди Покистонро барои сулҳ ва суботи Афғонистон нишон диҳам.»

Як ҳайати амрикоӣ ба раҳбарии Роберт Блейк низ дар ин нишаст ҳузур доштанд.

Як ҳайати амрикоӣ ба раҳбарии Роберт Блейк низ дар ин нишаст ҳузур доштанд.

Конфронси мазкур баҳонаи муносиберо барои баррасии роҳҳои дастёбӣ ба сулҳ дар Афғонистон фароҳам кардааст. Аз як сӯ коршиносон ва аз сӯи дигар мақомот роҷеъ ба ин баҳс назарҳои мухталиферо ироа мекунанд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни ин корфронс гуфтааст, рушди иқтисоди Афғонистон бидуни дастёбӣ ба суботи комил дар ин кишвар имкон надорад. Ӯ афзудааст, расидан ба субот ва дастёбӣ ба рушди иҷтимоӣ танҳо аз роҳи ҳалли сиёсӣ имкон дорад ва ба ин далел Тоҷикистон аз муколама бо ҳамаи тарафҳои низоъ дар Афғонистон пуштибонӣ мекунад.

Чор конфронси гузаштаи RECCA дар Кобул, Деҳлии нав, Истамбул ва Исломобод доир шуда буданд. Исмоил Раҳматов, аз афғонистоншиносони тоҷик мегӯяд, солҳо талошҳои сиёсӣ натиҷа надода ва имкон дорад, ворид шудан аз роҳи иқтисодӣ ба ҳалли мушкил масъаларо осон кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 30 соли охир то кунун бештар аз 1000 конфронс дар мавриди дастёбӣ ба сулҳ дар Афғонистон доир шудааст ва натиҷа ҳам он аст, ки мебинем.

Дар конфросни панҷуми ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ барои Афғонистон намояндагони бештар аз 50 кишвар ва созмони байналмилалӣ дар сатҳи раисони ҷумҳурӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва ё муовинони вазир ширкат доранд. Ин конфронс рӯзи сешанбе низ идома мекунад ва қарор аст чанд санад ва қатъномаеро дар робита ба ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷоратии кишварҳои минтақа барои Афғонистон қабул кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG