Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама гуфт, коҳиши захираҳои аслиҳаи ҳастаӣ идома меёбад


Барак Обама дар Сеул

Барак Обама дар Сеул

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико қавл дод, ки як ҷо бо Русия дар оянда низ коҳиши аслиҳаи ҳастаиро идома медиҳанд. Обама ба Эрон ва Кореяи Шимолӣ ҳушдор дод, ки маҳофили байналмиллалӣ густариши аслиҳаи ҳастаиро таҳаммул нахоҳанд кард. Обама ин нуктаро рӯзи душанбе дар мулоқоти раҳбарони бештар аз 50 кишвар баён дошт, ки барои ширкат дар мулоқоти амнияти ҳастаӣ дар Сеул-пойтахти Кореяи Ҷанубӣ гирдиҳам омадаанд. Обама изҳори қаноатмандӣ кард, ки соли 2010 Амрико ва Русия роҷеъ ба назорат бар захираҳои аслиҳаи ҳастаии худ ба тавофуқ расидаанд. Обама афзуд, моҳи май дар мулоқот бо Владимир Путин-раиси ҷумҳури мунтахаби Русия низ масъалаи коҳиши бештари аслиҳаи ҳастаиро пеш хоҳад гузошт. Обама ба Кореяи Шимолӣ ҳушдор дод, ки бояд ин кишвар барномаҳои аслиҳаи ҳастаии худро қатъ кунад, вагарна ба муҳосираи бештар дучор хоҳад шуд. Дар мулоқоти дурӯзаи Сеул ширкаткунандагон роҳҳои беҳтари ба дасти террористҳо нарафтани маводи ҳастаиро баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG