Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду сарбози НАТО аз тири афғони низомипӯш


Марде, ки дар тан либоси артиши афғонро дошт, ба сӯи гурӯҳи низомиён оташ кушода, ду нафари онҳоро куштааст.

Майор Ҷейсон Вогоннер, сухангӯи нерӯҳои байналмилалии мусоидат ба амният дар Афғонистон, гуфт, ҳамлагар аз оташи ҷавобии низомиёни НАТО кушта шудааст.

Ин ҳодиса дар шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманди Афғонистон ба вуқӯъ пайваст. Ангезаи ҳамла то ҳанӯз маълум нест.

Бори аввал нест, ки кормандони хадамоти амниятии Афғонистон ҳампаймонҳо ва тамрингарони хориҷии худро ҳадафи тир қарор медиҳанд. Ин ҳамлаҳо баъд аз оташ задани нусхаҳои Қуръони маҷид дар пойгоҳи ҳавоии амрикоиии Багром ва куштори 16 сокини осоиштаи вилояти Қандаҳор аз сӯи сарбози амрикоӣ Роберт Бейлз афзоиш ёфтаанд.

Генерал Ҷон Аллен, фармондеҳи нерӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон, ҳафтаи гузашта ба Сенат гузориш дод, ки имсол 13 сарбози НАТО аз тири ҳампаймонҳои афғонашон ҷон бохтаанд.

Ба иттилои вазорати дифои Амрико, шурӯъ аз соли 2007 кормандони пулису хадамоти амниятӣ ва низомиёни афғон 45 бор ба афсарону сарбозони Эътилофи байналмилалӣ ҳамла кардаанд.

Пас аз куштори сокинони осоиштаи Қандаҳор аз сӯи сарбози амрикоӣ ҷунбиши Толибон қасам хӯрд, ки интиқом мегирад ва билофосила музокироти муқаддамотӣ бо Амрико оид ба эҳёи фазои эътимод барои гуфтушуниди сулҳи Афғонистонро қатъ кард. Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, ҳам аз нерӯҳои НАТО талаб кард, ки шаҳру деҳотро тарк кунанд ва дар пойгоҳҳои худ мустақар шаванд.

Ӯ ҳамчунин хостори он шуд, ки нерӯҳои НАТО таъмини амнияти кишварро на дар соли 2014, балки як сол пештар аз он дар ихтиёри нерӯҳои афғон бигузоранд.
XS
SM
MD
LG