Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати Амрико вақти суханронии Аҳмадинажод толорро тарк кард


Ҳангоми суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод-раиси ҷумҳури Эрон дар нишасти панҷуми RECCA дар Душанбе ҳайати амрикоӣ ба раҳбарии Роберт Блейк-ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико толорро тарк кард. Ин амалкарди ҳайати амрикоӣ ба нишони эътироз бар зидди ҳарфҳои раиси ҷумҳури Эрон будааст, ки хуруҷи ҳарчи зудтари нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистонро сабаби субот ва рушди ин кишвар донист.

Аҳмадинажод дар суханронии худ сабабҳои аслии мушкили Афғонистонро дар мудирияти НАТО ва мутаҳиддонаш унвон кард. Вай гуфт, "магар ин намунаи ҳоким бар Афғонистон ва дигар аз нукоти ҷаҳон нест?" Раиси ҷумҳури Эрон пешниҳод кард, ки бояд дар кӯтоҳтарин фурсат нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд ва иҷоза бидиҳанд, то миллату давлати Афғонистон худ дар кишварашон ҳоким бошанд.

Аъзои ҳайати амрикоӣ танҳо пас аз анҷоми суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод дубора ҷойҳои худро дар толори конфронс ишғол карданд. Ин ҳайат ба раҳбарии Роберт Блейк то як рӯзи дигар дар Тоҷикистон боқӣ монда, хулосаи сафари худро дар як нишасти хабарии ҷудогона баён хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG