Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳамияти ҳамкориҳои минтақаӣ дар таъмини сулҳи Афғонистон


Дар Душанбе конфронси байналмиллалӣ роҷеъ ба ҳамкориҳои минтақаии иқтисодӣ идома дорад. Дар маросими гушоиши ин конфронс Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раҳбари кишвари мизбон суханронӣ кард. Вай ҳамкориҳои минтақаӣ дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистонро омили муҳим хонд ва гуфт, вогузор кардани амнияти Афғонистон ба нируҳои ин кишвар онҳоро водор мекунад, ки барои муборизаи мустақилона ба зидди терроризм, тундгароӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта ҳамаҷониба омода бошанд. Оқои Раҳмон пешниҳод кард, ки Тоҷикистон омода аст дар марказҳои омӯзишии худ барои таълими марзбонон, нируҳои артиш ва нируҳои интизомии Афғонистон шароит фароҳам орад. То поёни соли 2014 нируҳои байналмиллалӣ Афғонистонро тарк мекунанд.
XS
SM
MD
LG