Пайвандҳои дастрасӣ

Аннон дар пайи ба даст овардани ҳимояти Чину Русия


Интизор меравад, Кофӣ Аннон, фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Араб ва Созмони Милал барои Сурия ба Чин биравад.

Ӯ рӯзи якшанбе (25-уми март) дар Маскав буд, то ҳимояти Русияро барои маъмурияташ дар Сурия ба даст оварад.

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, гуфт, Кофӣ Аннон ба унвони фиристодаи вижаи Созмони Милал ва Иттиҳодияи Араб шояд охирин бахти Сурия дар ҷилавгирӣ аз ҷанги тӯлониву хунини шаҳрвандӣ бошад.

Ҷаноби Медведев дидору мулоқоташ бо Кофӣ Аннон дар Маскав роҳҳои коҳиши хушунат ва расонидани кӯмакҳои башарӣ ба мардуми мӯҳтоҷ дар Сурияро баррасӣ кард. Ӯ гуфт, "шояд ин миёнҷигарӣ охирин шанси Сурия барои пешгирӣ аз ҷанги харобиовару хунини шаҳрвандӣ бошад. Аз ин рӯ Русия то ҷое, ки аз дасташ меояд ба шумо дар ҳама сатҳу самтҳои гуногун кӯмак хоҳад кард."

Кофӣ Аннон, дабири кулли собиқи Созмони Милал ба хотири ҷалби ҳимояти Русия ва Чин аз талошҳояш барои ҳосил кардани оташбас миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва размандагони мухолифи давлат ба ин ду кишвар сафар мекунад. Созмони Милал мегӯяд, аз замони оғози тазоҳуроти зидди режими Башор Асад дар Сурия, дар як соли ахир, беш аз 8 ҳазор ғайринизомӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG