Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пойтахти Тоҷикистон мизбони нишасти панҷуми RECCA


Дар Душанбе дар як нишасти байналмилалӣ шеваҳои эҳёи иқтисоди Афғонистони ҷангзада баррасӣ мешавад.

Ҳамоишро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ бахшида, баргузории ин нишастро барои рушди иқтисодии Афғонистон ва ба ин васила таъмини бо суботи минтақа муҳим арзёбӣ кард.

Дар ин ҳамоиш раҳбарони ҳайатҳои беш аз 80 кишвари хориҷӣ ва созмони байналмилалӣ, аз ҷумла, Ҳомиди Карзай, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Осиф Алӣ Зардорӣ, сарони Афғонистону Эрон ва Покистон ҳузур доранд.

Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, кишварашро дар ин нишаст намояндагӣ мекунад. Баргузоркунандагони Нишасти панҷуми ҳамкориҳои иқтисодӣ барои Афғонистон гуфтаанд, “агарчӣ ҷомеаи байналмилал барои бозсозии Афғонистон талоши зиёде ба харҷ медиҳад, аммо ҳамкориҳои бештар ва ҷалби Афғонистон ба тарҳҳои иқтисодии гуногун, ҳам ба нафъи ин кишвар ва ҳам ба нафъи тамоми минтақа хоҳад буд."

Масъулони вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯянд, ширкаткунандагони Конфронси панҷум имкон хоҳанд дошт, ки ҷараёни иҷрои тааҳуддоти Конфронси чоруми Истамбулро баррасӣ, тарҳҳои аҳамияти минтақаӣ доштаро таъйид ва тавсияҳои мушаххасро ҷиҳати рушди Афғонистон ва минтақа таҳия ва пешниҳод кунанд.

Дар канори баргузории Конфронси байналмилалии ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ барои Афғонистон, дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе форуми тиҷоратии кишварҳои минтақа низ шурӯъ шуд.

Ин чорабинӣ муддати се рӯз ҷараён мегирад ва беҳтарин дастовардҳои ширкатҳои саноативу сохтмонӣ ва тиҷоратӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст ва ин ширкатҳо метавонанд тарҳҳоеро барои барқарорсозии иқтисоди Тоҷикистон мавриди иҷро гузоранд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар мулоқоти сеҷониба ба иҷрои тарҳҳои муштараки иқтисодӣ, бахусус сохтмони роҳи қатор ва мошингард, интиқоли энергия, назири нафту газ ва об таъкид карданд ва санаде низ имзо карданд.
XS
SM
MD
LG