Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кофӣ Анон масъалаи Сурияро бо Чин матраҳ мекунад


Интизор меравад, Кофӣ Анон, фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Араб ва Созмони Милал барои Сурия ба Чин сафар кунад. Ӯ рӯзи якшанбе дар Маскав буд, то ҳимояти Русияро барои маъмурияташ дар Сурия ба даст оварад. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи якшанбе гуфт, Кофӣ Анон, ба унвони фиристодаи вижаи Созмони Милал ва Иттиҳодияи Араб шояд, шояд охирин бахти Сурия дар ҷилавгирӣ аз ҷанги тӯлониву хунини шаҳрвандӣ бошад. Дмитрий Медведев, дирӯз бо Кофӣ Анон дар Маскав роҳҳои коҳиши хушунат ва расонидани кӯмакҳои башарӣ ба мардуми мӯҳтоҷ дар Сурияро баррасӣ кард. Ӯ гуфт: "Шояд ин миёнҷигарӣ охирин шанси Сурия барои пешгирӣ аз ҷанги харобиовару хунини шаҳрвандӣ бошад. Аз ин рӯ Русия то ҷое, ки аз дасташ меояд ба шумо дар ҳама сатҳу самтҳои гуногун кӯмак хоҳад кард." Кофӣ Анон, дабири кулли собиқи Созмони Милал ба хотири ҷалби ҳимояти Русия ва Чин аз талошҳояш барои ҳосил кардани оташбас миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва размандагони мухолифи давлат ба ин ду кишвар сафар мекунад. Созмони Милал мегӯяд, аз замони оғози тазоҳуроти зидди режими Башшор Асад дар Сурия, дар як соли пеш то кунун бештар аз 8 ҳазор ғайринизомӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG