Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Барак Обама ба Эрон


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз Эрон хостааст, дар масъалаи ҳалли бӯҳрони барномаҳои баҳсбарангези атомиаш шитоб кунад, зеро ба гуфтаи ӯ “фурсат аз даст меравад”. Барак Обама дар ин бора дар донишгоҳе дар шаҳри Сеул пойтахти Куриёи Ҷанубӣ сӯҳбат кард, ки дар ин шаҳр ҳамоиши байналмилалӣ дар мавриди амнияти ҳастаӣ шурӯъ мешавад. Барак Обама ҳамчунин аз раҳбарони Куриёи Шимолӣ хост, ҷуръат нишон бидиҳанд ва роҳи сулҳро пеш бигиранд ва гуфт, иғвову таҳрик онҳоро ба ҷое намерасонад. Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, саъй хоҳад кард, барои боз ҳам коҳиш додани теъдоди кулоҳакҳои ҳастаии ду кишвар бо Русия музокироти нав сурат бигирад. Барак Обама афзуд, ҷомеаи байналмилал дар амри коҳиш додани силоҳҳои хатароти маводи атомӣ ба пешрафтҳо ноил шудааст, аммо “бо ин иктифо намекунад”. Ӯ дар идомаи суханрониаш гуфт, Амрико беш аз ниёзаш силоҳҳои атомӣ дорад ва бо коҳиш додани ин силоҳҳо таъмини амният имконпазир аст.
XS
SM
MD
LG