Пайвандҳои дастрасӣ

Муллоҳо муаллифони аслии Қонуни асосии Миср?


Тақрибан 60 дар сади аъзои гурӯҳи 100 нафарии масъули таҳияи тарҳи Қонуни асосии нав дар Миср, исломгароён будаанд, ки дар ин қонун нақши ислом дар давлат ва ҳуқуқи аққалиятҳо муаяйн хоҳад шуд. Рӯзи якшанбе порлумони Миср номи аъзои гурӯҳро нашр кард, ки аксарияти онҳо аз Ҳизби Ихвонулмуслимин, Ҳизби Адолат ва Салафиёни тундрав ҳастанд. Аъзои гурӯҳро порлумон рӯзи шанбе интихоб кард. Дар қонуни асосии нави Миср, салоҳиятҳои раиси ҷумҳур ва нақши ояндаи артиш низ ташхис дода мешавад.
XS
SM
MD
LG