Пайвандҳои дастрасӣ

Бародари Мераҳро шарики ҷиноят медонанд


Додгоҳи Фаронса алайҳи бародари Муҳаммад Мераҳ як ҳаводори Ал-Қоида, ки се кӯдаку чаҳор калонсолро кушт, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Абдулқодир Мироҳ, ки дар боздоштгоҳ аст, ба терроризм ва талош барои қатл муттаҳам мешавад ва додгоҳ мегӯяд, ӯ дар ҷиноятҳои бародараш Муҳаммад Мераҳ шарик будааст. Ин ҷавони алҷазоиритабор дар силсилаи тирандозиҳо дар шаҳри Тулуз се сарбози Фаронса ва се кӯдаку як рӯҳонии яҳудиро кушт. Муҳаммад Мераҳро рӯзи панҷшанбе баъди муқовимати сарсахтонааш ба нерӯҳои пулис куштанд.
XS
SM
MD
LG