Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Дмитрий Медведев ба Кофӣ Анон


Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи якшанбе гуфт, Кофӣ Анон, ба унвони фиристодаи вижаи Созмони Милал ва Иттиҳодияи Араб шояд, шояд охирин бахти Сурия дар ҷилавгирӣ аз ҷанги тӯлониву хунини шаҳрвандӣ бошад. Дмитрий Медведев, дирӯз бо Кофӣ Анон дар Маскав роҳҳои коҳиши хушунат ва расонидани кӯмакҳои башарӣ ба мардуми мӯҳтоҷ дар Сурияро баррасӣ кард. Ӯ гуфт: "Шояд ин миёнҷигарӣ охирин шанси Сурия барои пешгирӣ аз ҷанги харобиовару хунини шаҳрвандӣ бошад. Аз ин рӯ Русия то ҷое, ки аз дасташ меояд ба шумо дар ҳама сатҳу самтҳои гуногун кӯмак хоҳад кард." Кофӣ Анон, дабири кулли собиқи Созмони Милал ба хотири ҷалби ҳимояти Русия аз талошҳояш барои ҳосил кардани оташбас миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва размандагони мухолифи давлат ба Маскав сафар кардааст. Созмони Милал мегӯяд, аз замони оғози тазоҳуроти зидди режими Башшор Асад дар Сурия, дар як соли пеш то кунун бештар аз 8 ҳазор ғайринизомӣ кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG