Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе мизбони нишасти байналмилалии Афғонистон


Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар як нишасти байналмилалӣ шеваҳои эҳёи иқтисоди Афғонистони ҷангзада баррасӣ мешавад, ки дар он намояндагони 40 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат хоҳанд кард. Аз ҷумла Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, Маҳмуди Аҳмадинажод аз Эрон, Осиф Алӣ Зардорӣ аз Покистон дар нишаст ҳузур хоҳанд дошт. Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, кишварашро дар ин нишаст намояндагӣ мекунад. Баргузоркунандагони Нишасти панҷуми ҳамкориҳои иқтисодӣ барои Афғонистон гуфтаанд, “агарчӣ ҷомеаи байналмилал барои бозсозии Афғонистон талоши зиёде ба харҷ медиҳад, аммо ҳамкориҳои бештар ва ҷалби Афғонистон ба тарҳҳои иқтисодии гуногун, ҳам ба нафъи ин кишвар ва ҳам ба нафъи тамоми минтақа хоҳад буд."

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG