Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози нишасти бузург дар бораи амнияти ҳастаӣ


Имрӯз дар Сеул пойтахти Куриёи Ҷанубӣ нишасти байналмилалӣ дар бораи амниятӣ ҳастаӣ дар ҷаҳон шурӯъ мешавад, ки дар он раҳбарони 50 кишвари дунё ширкат мекунанд. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар ин нишаст ҳузур хоҳанд дошт. Дур нигаҳ доштани маводи ҳастаӣ аз дасти террористон аз масъалаҳои аслии ин нишаст аст. Дар ҳошияи ин нишаст, барномаҳои ҳастаии баҳсбарангези Эрон ва Куриёи Шимолӣ низ баррасӣ мешавад. Дар остонаи ин рӯз Барак Обама ба Куриёи Шимолӣ гуфт, “бо таҳдиду таҳрик ба ҳеҷ чиз ноил намешавад”: "Онҳо бояд бидонанд, ки барои рафтори бад подоши хуб намегиранд. Даҳсолаҳо боз тамоюле буд, ки Куриёи Шимолӣ фикр мекард, агар амалҳои таҳрикомез кунад, ба он ришва медиҳанд, то амалҳои таҳрикомезашро бас кунад." Бино ба гузоришҳо, Куриёи Шимолӣ барои партоби мушаки дурбурде омода мешавад, агарчӣ мақомоти Пхенян мегӯянд, моҳвораеро ба мадори Замин партоб хоҳанд кард. Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, дар мулоқот бо Ҳу Ҷинтао раиси ҷумҳури Чин аз ӯ хоҳад хост, ба Куриёи Шимолӣ барои бадрафториаш “подош” надиҳад.
XS
SM
MD
LG