Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти тозаи ҳодисаи таркиш дар Душанбе


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ном ва акси фардеро, нашр кард, ки рӯзи якшанбе дар амалиёте дар шаҳри Душанбе зимни муқовимати мусаллаҳона ба кормандони пулис кушта шуд. Бино ба гузоришҳои қаблӣ, ин фард зимни таъқиби маъмурони амниятӣ худро дар назди бинои “Автовакзал” дар шаҳри Душанбе бо норинҷак таркондааст. Аммо вазорат мегӯяд, Худойназар Одинаев, сокини шаҳри Ваҳдат зимни боздошт мехост, норинҷакҳояшро истифода кунад, аммо бо тири маъмурони пулис захмӣ шудааст ва норинҷак низ таркидааст. Касе дигар дар ин таркиш осеб надидааст. Ба гуфтаи вазорат, Худойназар Одинаев, гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноиро раҳбарӣ мекард, ки рӯзи 3 март бо ҳадафи ғоратгарӣ ба корхонае дар шаҳри Душанбе ҳамла карда ва 7 шаҳрванди Чинро захмӣ кардааст. Панҷ узви ин гурӯҳро қабл аз марги Худойназар Одинаев дастгир кардаанд. Амалиёти пурсарусадо дар Душанбе дар рӯзе сурат гирифт, ки Тоҷикистон мизбони ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ буд.
XS
SM
MD
LG