Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев аз талошҳои Аннан ситоиш кард


Дмитрий Медведев ва Кофӣ Аннан

Дмитрий Медведев ва Кофӣ Аннан

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, дар мулоқот бо фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳоди кишварҳои араб оид ба Сурия Кофӣ Аннан ба комёб шудани талошҳои ӯ изҳори умедворӣ кард. Ӯ аз Аннан барои талошҳояш изҳори сипас намуд ва гуфт, ки ин шояд охирин шонс барои наҷоти Сурия аз ҷанги шаҳрвандист.

Кофӣ Аннан, дар навбати худ, изҳор кард, ки ба мусоидати Русия дар ҳалли низоъ дар Сурия умед мебандад.

Кофӣ Аннан аз Маскав ба Пекин меравад. Русия ва Чин аз ин пеш ба қабули қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ бо маҳкумсозии Димишқ барои хушунату куштори мардуми осоишта мухолифат карда буданд.

Дар як соли низоъ дар Сурия беш аз ҳашт ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG