Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: Пекин бояд ба Пхенян таъсири мусбӣ расонад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА гуфт, музокироти шашҷониба оид ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ фақат баъд аз он аз сар гирифта хоҳад шуд, ки Пхенян самимияти худ барои гуфтушунидро собит кунад.

Зимни суханронӣ дар Сеул, дар арафаи ифтитоҳи нишаст оид ба амнияти ҳастаӣ, Обама изҳор намуд, ки Чин, ҳампаймони асосии Кореяи Шимолӣ, бояд ба Пхенян таъсири мусбӣ расонад ва ин нукта - мавзӯъи аслии музокироташ бо раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао хоҳад шуд. Дар нишаст оид ба амнияти ҳастаӣ дар Сеул сарони беш аз 50 кишвари олам ширкат мекунанд.

Аз ин пештар Барак Обама аз минтақаи ғайринизомӣ дар марзи миёни Кореяҳои Шимолӣ ва Ҷанубӣ дидан кард. Ӯ дар он ҷо бо низомиёни амрикоӣ мулоқот орост ва онҳоро "муҳофизони марзҳои озодӣ" номид.
XS
SM
MD
LG