Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳ, барқ, об, газ... Санад ҳаст, имкониятҳо чӣ?


Дар акс: Ҳомиди Карзай, Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод

Дар акс: Ҳомиди Карзай, Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод

Мулоқоти сеҷонибаи раҳбарони Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон бо имзои як ёддошти тафоҳум анҷом пазируфт.

Густаришу тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар заминаи иҷрои тарҳҳои муштарак, аз ҷумла бунёди роҳҳои нави оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ, кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ аз мавзӯъҳои матруҳа дар мулоқоти сеҷониба будааст.

Раҳбарони Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар пайи ин мулоқоти худ дар бораи сохтмони роҳи оҳан, интиқоли барқу об ва газу нафт як ёддошти тафоҳум имзо карданд.

Бар асоси ин санад се кишвар имкониятҳо барои бунёди роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба Афғонистону Эрон ва интиқоли нафт аз Эрон ба Афғонистону Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард.
Гуфта шуд, ки аввалин нишасти кумиссиюни муштарак пас аз ду моҳ аз имзои ин санад дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд. Ҷонибҳо гуфтанд, ки дигар кишварҳои алоқаманд низ метавонанд ба иҷрои ин тарҳҳо ҳамроҳ шаванд.

Кумиссиюни муштарак баррасиҳои техникӣ ва молиявии худро нисбат ба таъмини маблағҳои тарҳҳои ёдшуда анҷом хоҳанд дод.
Сарони кишварҳо ба масоили таъмини амнияти минтақа, махсусан вазъи Афғонистон низ таваҷҷӯҳи хос нишон додаанд.

Ба дунболи мулоқоти сеҷонибаи сарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон, музокироти чаҳорҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон низ дар "Кохи Сомон" баргузор шуд. Дар зимн, Ҳомид Карзай, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Осиф Алӣ Зардорӣ -- раҳбарони Афғонистон, Эрон ва Покистон бо даъвати ҳамтои тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон вориди Душанбе шудаанд.

Онҳо дар барномаҳои ҷашнии Наврӯзи байналмилалӣ-2012 дар шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG