Пайвандҳои дастрасӣ

Толибон дар Покистон тамрин дидани Мераҳро тайид карданд


Муҳаммад Мераҳ

Муҳаммад Мераҳ

Намояндаи толибони Покистон гуфт, Муҳаммад Мераҳ, ки дар Фаронса ҳафт нафарро ҳадафи тир қарор дода буд, дар як пойгоҳи ҷангиён дар марз бо Афғонистон тамрин дида буд.

Дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтер ӯ худро намояндаи гурӯҳи “Ҷандола”и “Таҳрики Толибони Покистон дар Вазиристони шимолӣ” муаррифӣ кард ва афзуд, ки аз ҳамлаҳои Мераҳ дар Фаронса бехабар аст ва ин ҳамлаҳо бо гурӯҳи онҳо ҳеҷ рабте надоранд. Хадамоти кашфи дохилии Фаронса ҳам изҳор намуд, ки бар бораи узвияти Мераҳ ба ягон гурӯҳи ифротгаро итилоъ надорад.

Муҳаммад Мераҳ рӯзи панҷшанбе дар амалиёти полиси шаҳри Тулуза ба ҳалокат расид. Миёнаҳои моҳи март ӯ аз тири ӯ се низомии фаронсавӣ, се толибилми мактаби яҳудӣ ва як раббӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG