Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пайи инфиҷоре, ки дар маҳаллаи «Автовокзал» -и шаҳри Душанбе ба вуқӯъ пайваст, як нафар кушта шудааст. Ин ҳодиса тақрибан соати 14, 30 баъд аз зӯҳри рӯзи якшанбе рӯй дод. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, марде, ки 35 - 40 сола будааст, дар пайи таъқиби маъмурони пулис даст ба инҷифор зада худашро куштааст.

Айни ҳол маҳали ҳодисаро нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ муҳосира кардаанд ва ба мардум иҷозаи ба он ҷо наздик шуданро намедиҳанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин ҳодисаро то ҳол шарҳ надодааст.
XS
SM
MD
LG