Пайвандҳои дастрасӣ

Дар меҳмонсарои “Прага”-и пойтахти Ҷумҳурии Чех ҷашни Наврӯзи тоҷикон таҷлил шуд. Дар ин ҷашн, ки бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чех ва Шӯрои бозаргонии тоҷикон доир шуд, тоҷикони муқими кишвар, меҳмонон аз Олмон, Ҳуланд ва ҳамчунин меҳмонони афғони муқими Прага ширкат доштанд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон ва Ҷумҳурии Чех Имомиддин Сатторов изҳор намуд, ки тоҷикон барои нахустин бор Наврӯзро дар шаҳри Прага таҷлил мекунанд ва аммо он дар оянда ба як анъана табдил хоҳад шуд. Дар ифтитоҳи маҳфили наврӯзӣ масъулини вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Чех низ ширкат доштанд ва ҳозиринро бо иди бостонӣ табрик гуфтанд.

Дар чаҳорчӯби таҷлили Наврӯз озмунҳои ҳунар гузашт, ки дар он Фирӯза Ҷаъфарова, Маликаи Тоҳир ва Шаҳзода барои рақсу таронаҳои беҳтарин соҳиби ҷоизаҳо шуданд. Ҳамчунин озмунҳои таоми беҳтарини наврӯзӣ ва либоси миллии беҳтарин баргузор шуд.

Гурӯҳи ҳунармандони тоҷику афғон, аз ҷумла, муғаннии маъруфи гурӯҳи тозатаъсиси “Мерос” Ноҳиди Зайналпур дар маҳфили Наврӯзӣ ҳунари волои худро намоиш доданд.
XS
SM
MD
LG