Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Бар асари таркиш дар вилояти Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, ҳафт корманди полис, як низомии НАТО ва тарҷумон ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои расмӣ, бомб дар масире инфиҷор шуд, ки гаштӣ ё патрули муштараки полиси афғон ва нерӯҳои байнулмилалӣ аз он ҷо убур мекард. Дар бораи ҳуввияти низомии хориҷии кушташуда алҳол иттилоъ дода нашудааст.

Масъулияти ин ҳамларо ҷунбиши “Толибон” дар ӯҳда гирифт.
XS
SM
MD
LG