Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроилиҳо зидди ҳамла ба Эрон садо баланд карданд


Шоми шанбе тақрибан ҳазор сокини шаҳри Тел-Авив, пойтахти Исроил, дар намоиши зиддиҷангӣ ширкат ва алайҳи ҳамлаи эҳтимолӣ ба Эрон эътироз карданд. Онҳо бо истифода аз тахаллуси нахуствазир Бенямин Нетаняҳу – Биби ба ӯ ва вазири дифоъ Эҳуд Барак хитоб мекарданд:” Биби ва барак, ҷанг бозича нест!”.

Ширкаткунандагон чунин шиор ҳам доштанд “Эрониҳо, мо шуморо ҳеҷ гаҳ бомборон нахоҳем кард! Мо шуморо дӯст медорем!”. Созмондиҳандагони намоиши зиддиҷангӣ аз зану шавҳаре илҳом гирифтанд, ки ин шиор ва аксҳои худро дар шабакаи иҷтимоии Facebook ҷой дода буданд.

Бархе аз ширкаткунандагони намоиш дар даст парчамҳои сурх доштанд ва алайҳи Нетаняҳу шиор мезаданд.
XS
SM
MD
LG