Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо "муҳофизони марзҳои озодӣ" мулоқот кард


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ки бо сафари расмӣ дар Кореяи Ҷанубӣ қарор дорад, имрӯз аз минтақаи ғайринизомӣ дар марзи миёни Кореяҳои Шимолӣ ва ҷанубӣ дидан кард. Ӯ дар он ҷо низомиёни амрикоӣ мулоқот кард ва онҳоро "муҳофизони марзҳои озодӣ" номид.

Рӯзи душанбе дар Сеул нишаст оид ба амнияти ҳастаӣ бо ширкати сарони беш аз 50 кишвари олам ифтитоҳ мешавад. Бар пояи хабарҳо, қарор аст Барак Обама дар долонҳои ин нишаст бо сарони Русияву Чин мавзӯъи барномаҳои ҳастаии Эрон ва Кореяи Шимолиро баррасӣ кунад.

Мақомоти Кореяи Шимолӣ қаблан хабар доданд, ки мехоҳанд моҳвораро ба фазо интиқол диҳанд ва аммо мақомоти ИМА ҳадс мезананд, ки шояд Пхенян мушаки нави ҳастаии худро озмоиш кунад.
XS
SM
MD
LG