Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рик Санторум дар праймеризи Луизиана пирӯз шуд


Рик Санторум

Рик Санторум

Дар праймериз, интихоботи муқаддамотии довталабони ширкат дар интихоботи президентии ИМА аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон, дар аёлати Луизиана сенатори собиқ Рик Санторум пирӯз шуд. То имрӯз Санторум дар 11 иёлот, асосан, дар ҷануби кишвар, ки он ҷо муҳофизакор мавқеъи қавӣ доранд, баранда шудааст.

Ва аммо рақиби ӯ Митт Ромнӣ, барои дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябри соли равон номзади ҷумҳурихоҳон шудан чун пештара шонси бештар дорад. Ӯ 563 раъйи вакилонеро соҳиб шудааст, ки моҳи август дар анҷумани ҳизбӣ рақиби Барак Обама дар интихоботро муайян хоҳанд кард.

Рик Санторум то интихобот дар Луизиана 263 раъй дошт.
XS
SM
MD
LG