Пайвандҳои дастрасӣ

Бо вуҷуди резиши борон таҷлил аз "Наврӯзи байналмилалӣ-2012" дар "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамаи онҳое, ки дар баргузории ин ҷашн саҳм гирифтаанд, изҳори сипос кард ва ҳатто гуфт, номи онҳо дар таърих бо хатҳои зарин сабт хоҳад шуд.

Дар оғоз, ҳангоми боздид аз намоишгоҳи наврӯзӣ раисиҷумҳури Тоҷикистонро ҳамтоёни афғону эронияш низ ҳамроҳӣ мекарданд. Аммо бо сабабҳои то ҳанӯз номаълум онҳо "Наврӯзгоҳ" ҳузур надоштанд. Танҳо Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон то охири барнома дар канори раисиҷумҳури Тоҷикистон боқӣ монд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар оғози ҷашни байналмилалии Наврӯз аз ин ид баунвони ҷашни покиву садоқат ва сулҳу субот ном бурд ва барои мардум тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно кард. Ин паёми кӯтоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати иди Наврӯз дар ҳоле садо дод, ки ҳамасола вай дар таърихи 21-уми март тариқи шабакаҳои телевизионӣ мардуми кишварро бо ҷашни аҷдодӣ шодбош мегуфт.

Пас аз ироаи паёми президент барномаи фарҳангӣ ва театрикунонидашудаи наврӯзӣ зери номи "Ошёни Наврӯз" дар базмгоҳ ҷараён дорад, ки маҳсули заҳматҳои ҳунармандону овозхонони тоҷик аст.

Ба манзури дар сатҳи олӣ баргузор шудани маросими таҷлили расмии "Наврӯзи байналмилалӣ-2012" дар Наврӯзгоҳи пойтахт аз як моҳи пеш омодагиҳо ҷараён дошт ва ҳазорҳо хонандагони мактабҳои шаҳри Душанбе ва донишҷӯёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ба ин маърака ҷалб шудаанд. Наврӯзгоҳи пойтахт, муассисаи фарҳангиест, ки бо ҷашни байналмилалӣ эълом шудани Наврӯз тавассути Созмони Милал бунёд шуда ва дар ҳоли ҳозир имкони ғунҷоиши беш аз 15 ҳазор нафарро дорад. Имсол дар "Наврӯзгоҳ" тахтеро монанд ба Тахти Ҷамшед низ бунёд кардаанд.



Субҳи барвақт роҳҳои мошингард ба сӯи "Наврӯзгоҳ" баста буд. Сокинони пиёда ба "Наврӯзгоҳ" меомаданд. Маъмурони пулис ва амниятӣ ҳар як нафарро аз назар гузаронида ва сипас барои рафтан ба сӯи "Наврӯзгоҳ" иҷоза медоданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG