Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Сурия боз дасти кам 21 нафар ҷон бохтанд


Тирборони Ҳумс аз сӯи артиш

Тирборони Ҳумс аз сӯи артиш

Артиши Сурия тирборони маҳаллаҳои шаҳрҳои Ҳома ва Ҳумсро, ки марказҳои мухолифат ба ҳукумати Башор Асад маҳсуб мешаванд, идома дод.

Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқи башар, дар ин шаҳрҳо рӯзи шанбе дасти кам ҳафт нафар кушта шуданд. Дар дигар шаҳрҳо, аз ҷумла, дар манотиқи гирифтори ошӯбҳои атрофи Димишқ 14 каси дигар ҷон бохтанд, ки миёни онҳо кормандони нерӯҳои амниятӣ низ ҳастанд.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки сарнишини як чархболи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Сурия аз амри бомборони шаҳри Алеппо сарпечӣ кард ва ситоди хадамоти кашфро тирборон намуд. Сипас чархбол сӯи Туркия парвоз кард.

Шоми шанбе фиристодаи вижаи СММ ва Лигаи кишварҳои араб дар умури Сурия Кофӣ Аннан вориди Маскав мешавад то ки бо мақомоти Русия бӯҳрони Сурияро баррасӣ кунад. Баъдан Аннан барои музокирот дар ин мавзӯъ ба Чин сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG