Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати нави маҳкумсозии куштор дар Жанаозен


Жанаозен баъд аз саркӯбсозии намоиши эътирозӣ
Жанаозен баъд аз саркӯбсозии намоиши эътирозӣ
Фаъолони мухолифини ҳукумати Қазоқистон, дар садумин рӯзи ҳаводиси Жанаозен, дар шаҳри Алмаато гирдиҳамоӣ баргузор карданд.

Рамазон Есергепов, раиси кумитаи “Жанаозен-2011” ва раиси як созмони хабарнигорӣ, аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва вазорати умури хориҷии Амрико даъват кард, ки куштори мардуми осоиштаи шаҳри Жанаозенро якдилона маҳкум кунанд.

Моҳи декабри соли гузашта бар асари саркӯбсозии намоиши эътирозии кормандони ширкати нафт дар Жанаозен ва мавзеи Шетпе 16 нафар ба ҳалокат расида, беш аз сад каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG