Пайвандҳои дастрасӣ

Табибон хостори табобати Тимошенко берун аз маҳбас шуданд


Табибони украин мегӯянд, ки Юлия Тимошенко, сарвазири пешини кишвар, бояд барои табобат ба бемористон интиқол ёбад. Сарҷарроҳи мағз ва маризиҳои асаби Украина Юрий Котляревский изҳор намуд, ки Юлия Тимошенко бояд на бемористони маҳбас, балки дар бемористони махсус бистарӣ шавад.

Хонум Тимошенко, ки барои сӯиистифода аз мансаб ба 7 соли зиндон маҳкум шудааст, айни ҳол дар маҳбаси шаҳри Харков, воқеъ дар 500 километрии шаҳри Киев қарор дорад.

То ҳамин авохир мақомоти Украина ба бемории ҷиддӣ гирифтор будани нахуствазири пешини кишварро рад мекарданд.

Ҷонибдорони Тимошенко ҳадс мезананд, ки иттиҳоми сӯиистифода аз мақом аз сӯи хонум Тимошенко замони баста шудани созиши газ миёни Русияву Украина дар соли 2009 ангезаи сиёсӣ дорад ва ҳадафи аслиии мақомоти феълии кишвар аз саҳнаи сиёсат дур андохтани нахуствазири собиқ аст. Аммо рӯзи 20 март аксари вакилони парлумони Украина аз иттиҳоми “хиёнат ба давлат” аз сӯи Юлия Тимошенко барои имзо гузоштани зери созиши газ пуштибонӣ карданд.

Юлия Тимошенко дар интихоботи президентии соли 2010 аз сӯи рақибаш Виктор Янукович мағлуб шуда буд.
XS
SM
MD
LG