Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Миср бар асари бархӯрд миёни мухлисони футбол ва пулис як тан ба ҳалокат расида, 16 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, бархӯрд дар шаҳри Порт-Саид баъди он ба амал омад, ки Анҷумани футболи Миср дастаи маъруфи “Ал-Масри”-ро барои ду соли оянда аз ҳаққи ширкат дар бозиҳои расмӣ маҳрум кард.

Шоми якуми феврал дар варзишгоҳи шаҳри Порт-Саид, баъд аз бозии миёни дастаҳои “Ал-Масрӣ” ва “Ал-Аҳлӣ”, бенизомиҳо рӯх доданд, ки дар натиҷа 74 нафар ба ҳалокат расиданд.

Анҷумани футболи Миср дастаи “Ал-Аҳли”-ро ҳам муҷозот кард - мураббӣ ва капитани даста муваққатан аз мақом барканор шуданд ва ба чаҳор бозии навбатӣ мухлисон роҳ дода намешаванд.

Дар робита ба ҳаводиси рӯзи 2-юми феврал дар варзишгоҳи Порт-Саид 75 нафар, аз ҷумла, 9 корманди полис ба додгоҳ кашида шудаанд. Тафтиши ҳодиса идома дорад.

Беназмиҳои мухлисони футбол (навор аз бойгонӣ)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG