Пайвандҳои дастрасӣ

Ба хабарнигори рус иҷозаи вуруд ба Тошкандро надоданд


Мақомоти Ӯзбакистон ба аккоси рус Виктория Ивлева барои вуруд ба қаламрави кишвар иҷоза надоданд.

Хонум Ивлева ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ рӯзи ҷумъа бо даъвати хабарнигорони маҳаллӣ барои баргузории семинари аккосӣ вориди Тошканд шуд ва аммо дар фурудгоҳ ба ӯ гуфтанд, ки ҳаққи вуруд ба Ӯзбакистонро надорад.

Кормандони амниятӣ талаби хабарнигори рус барои даъвати консули Русияро рад карданд.

Ба Виктория Ивлева санади манъи вуруд Ӯзбакистонро дода, ӯро ба ҳавопаймо шинонданд ва ба Русия фиристоданд. Мақомоти Ӯзбакистон аз ташреҳи бештари ин бархӯрди худ худдорӣ намуданд.

Виктория Ивлева ҳадс мезанад, ки манъи вуруди ӯ ба Ӯзбакистон бо як гузоришаш дар бораи ин кишвар рабт дорад, ки тақрибан панҷ сол пеш зери унвони "Кишвари моҳиҳо" дар нашрияи "Новая газета" чоп шуда буд. Хабарнигори рус ҳамчунин аз аккоси ӯзбак Умеда Аҳмадова, ки мавриди таъқиби мақомоти Ӯзбакистон қарор гирифта буд, пуштибонӣ карда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG