Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо дар Сурия идома доранд


Имрӯз дар Сурия бар асари даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷонибдорони мусаллаҳи мухолифин дасти кам 2 нафар кушта шуданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ду деҳа дар вилояти шимолии Идлиб, шаҳрҳои Ҳумс ва Ҳома, манотиқи гирифтори ошӯби атрофи Димишқ ҳадафи тирборони артиш қарор гирифтанд.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки сарнишини якчархболи нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Сурия аз амри бомборони шаҳри Алеппо сарпечӣ кард ва ситоди хадамоти кашфро тирборон намуда сӯи Туркия парвоз кард.

Қарор аст, ки имрӯз фиристодаи вижаи СММ ва Лигаи кишварҳои араб дар умури Сурия Кофӣ Аннан вориди Маскав шавад ва бо мақомоти Русия бӯҳрони Сурияро баррасӣ кунад. Баъдан Аннан барои музокирот дар ин мавзӯъ ба Чин сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG