Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳмуди Аҳмадинажод ба Душанбе омад


Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, баъд аз зӯҳри имрӯз вориди шаҳри Душанбе шуд. Қарор аст, ки ӯ дар барномаҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва нишасти ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ барои Афғонистон дар пойтахти Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кунад.

Ба иттилои сафорати Эрон дар Тоҷикистон, Аҳмадинажодро дар сафари серӯза ба Тоҷикистон вазирони умури хориҷӣ, нерӯ, роҳу маскан ва беҳдошту улум ҳамроҳӣ доранд.

Имрӯз дар Кохи Миллат мулоқоти Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, ки гуфта мешавад дар меҳвари он густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ хоҳад буд. Пас аз ин мулоқот Маҳмуди Аҳмадинажод дар маросими ифтитоҳи «Хонаи Эрон» ширкат ва суханронӣ мекунад - ин тарҳ бо сармоягузории Эрон роҳандозӣ шудааст.

Имрӯз ҳамчунин раисиҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва сарвари Афғонистон Ҳомид Карзай низ вориди шаҳри Душанбе мешаванд.
XS
SM
MD
LG