Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дархости Қазоқистон аз Кувайт барои истифодаи мусиқӣ


Вазорати корҳои хориҷаи Қазоқистон мегӯяд, пахши мусиқии шабеҳи суруди милӣ ё гимни Қазоқистон дар варзишгоҳи Кувайт моҷаробарангез аст ва он бояд ҳамаҷониба баррасӣ шавад. Нусхаи шабеҳи мусиқии миллӣ ё гимни Қазоқистон, ки дар филми “Борат” як рӯзноманигори ҳангомаҷӯ истифода кардааст, дар варзишгоҳ баъд аз пирӯзии як варзишгари қазоқ дар маросими эътои ҷоизаҳо ба ҷои гимни аслӣ пахш шудааст. Варзишгарони қазоқ мегӯянд, ки созмондиҳандагони ин мусобиқот дар Кувайт натавонистаанд ба суоли онҳо дар ин бора посух диҳанд. Илёс Умаров-сухангӯи вазорати хориҷаи Қазоқистон рӯзи ҷумъа хост, ки ба чунин рафтор расидагии комил сурат бигирад. Филми “Борат” соли 2006 таҳия шуда буд ва дар он Саша Барон Коҳен-ситораи синамои Британия нақши мазҳакавӣ бозидааст. Намоиши ин филм дар Кувайт ва бисёре аз кишварҳои дигари арабӣ мамнуъ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG