Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни байналмиллалии Наврӯз дар Тоҷикистон баргузор мешавад


24 март руасои ҷамоҳири Эрону Афғонистон ва Покистон барои ширкат дар ҷашни байналмиллалии Наврӯз вориди Тоҷикистон мешаванд. Солҳои пеш дар Эрону Афғонистон низ бо ширкати руасои ҷамоҳири ин кишварҳо ҷашни байналмиллалӣ баргузор шуда буд. Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, Ҳомид Карзай, Маҳмуд Аҳмадинажод ва Осиф Алӣ Зардорӣ дар рӯзҳои боздид дар мулоқот роҷеъ ба ҳамкориҳои минтақаӣ ва маросимҳои наврӯзӣ ширкат ва аз намоишгоҳи наврӯзӣ боздид мекунанд. Интизор меравад, ки онҳо дар конфронси дурӯза роҷеъ ба сулҳи Афғонистон, амният ва рушди иқтисод ширкат ҷӯянд. Ин конфронс 26 март ба кор оғоз мекунад.
XS
SM
MD
LG