Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримоти нави ИА алайҳи Сурияву Эрон ва Беларус


Вазирони хориҷаи ИА рӯзи ҷумъа дар Брюссел алайҳи режимҳои Сурияву Беларус ва Эрон таҳримоти нав ҷорӣ карданд. Дипломатҳо мегӯянд, таҳримоти рӯзи ҷумъа эъмолшуда аз ҷумла манъи раводиди сафар ба ИА барои раисиҷумҳури Сурия Башор Асад, ҳамсари ӯ Асмо ва ҳудуди 10 суриёии дигарро дар бар мегирад. ИА то ҳол ҳудуди 150 ширкату атбоъи Сурияро ба далели саркӯбии хушунатомези эътирозҳои зидди режими Асад таҳти таҳримот қарор дода буд. Вазирони ИА ҳамин тавр, боз 17 эронии масъули нақзи ҳуқуқро ба рӯйхати сиёҳи иборат аз 61 нафараш шомил кардааст.
XS
SM
MD
LG