Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирон аз Наврӯз ҳам "манфиат" меҷӯянд


Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, нархи маҳсулот дар бозорҳои Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

Рӯзи сеюм аст, ки аксари бозорҳои бузурги Душанбе бо манзури иди Наврӯз фаъол нест ва мардум ниёзмандиҳои худ ба маҳсулоти мухталифро аз бозору дӯконҳои хурд бароварда месозанд. Аксари дӯконҳои хурде, ки хориҷ аз дохили бозорҳо кор мекунанд, бо истифода аз фурсати барояшон муносиб ва ниёзи бештари мардум ба маҳсулоти мухталиф, қимматҳоро афзоиш додаанд.

Файзулло Мирзоев, сокини Душанбе ва яке аз корафтодагон дар ин рӯзҳои иди Наврӯз гуфт: «Бовар кунед, баъзе тоҷирони мо инсоф надоранд, дирӯз бозори Султони Кабир барои харидани равғани мошин рафта будам. Бозор баста буд, аммо дӯконҳои хурде, ки берун аз бозор кор мекард, нархҳоро ду-се баробар боло бурда буданд, як литр равғани мошинро, ки дар бозор 10 сомонӣ нарх дошт, то 30-35 сомонӣ боло бурданд. Аҳвол дар бозорҳои хурди либосу хӯрока низ ҳамин аст.»

Ҳангоме, ки мо дар яке аз дӯконҳои наздики бозори Султони Кабир будем, як тоҷир бо эътироз ба эълони 5-6 рӯз баста шудани бозор гуфт: «Кисаи раисони бозорҳо, ки пур шудааст, фикри тоҷиронро намекунанд ва чанд рӯзе, ки хоҳанд, бозорро мебанданд. Фикр намекунанд, ки мо тоҷирон барои тиҷорат аз бонк қарз гирифтаем, бояд қарзро бо фоидааш баргардонем, ҳамчунин мо андоз пардохт мекунем. 5-6 рӯз ки кор накунем, аз ин идҳо зарар мебинем. Як-ду рӯз барои ид кофӣ аст, бигзор бозорҳо кор кунанд.»

Аммо бо фарқ аз бозори Султони Кабир, бозори Корвон - аз бозорҳои бузурги дигари Душанбе 3 рӯз таътил эълон кардааст, ҳарчанд тоҷирон ин се рӯзро низ барзиёд медонанд.

Раҳматуллоҳ Саидов, як тоҷири ин бозор гуфт: «Дар иди Наврӯзи соли гузашта ду рӯз истироҳат эълон карда буданд, имсол бошад, 3 рӯз шуд. Мардум ба мо шикоят карда истодаанд, ки бо истифода аз баста будани бозорҳои калон, дӯконҳои хурд нархҳо баланд кардаанд.»

Афзоиши қиммати маҳсулот дар рӯзҳои таҷлили идҳо дар Тоҷикистон бесобиқа нест. Ҳар сол бо наздикшавии идҳои Рамазону Қурбон ва соли нави масеҳӣ, бо манзури афзоиши талабот ба маҳсулот нархҳо дар тӯли ду-се рӯз чанд баробар афзоиш меёбад. Ҳарчанд ҳам мақомоти ҳукумат ва ҳам рӯҳониён даъват мекунанд, ки нархи маҳсулотро хоса дар идҳои мазҳабӣ баланд накунанд.

Аммо тавре ба назар мерасад, Наврӯзро низ тоҷирони кишвар ба феҳристи идҳое шомил кардаанд, ки бояд дар рӯзҳои таҷлил аз ин ид қиммати маҳсулотро ба таври сунъӣ боло баранд ва фоидаи бештар ба даст биёранд.
XS
SM
MD
LG