Пайвандҳои дастрасӣ

Чин дар остонаи партоби мушаки Корея ба оромӣ даъват кард


Дар остонаи имкони партоби мушаки Кореяи Шимолӣ дар моҳи оянда Чин кишварҳоро ба оромӣ даъват кардааст. Кореяи Шимолӣ кишвари дорои аслиҳаи ҳастаӣ мебошад. Вазорати корҳои хориҷаи Чин замоне ин эъломияро пахш кард, ки рӯзи ҷумъа Ҷопон системи дифои зиддимушакии худро ба ҳолати омодагӣ даровард ва мақомоти расмии ин кишвар мегӯянд, ки ин системи дифои зидди мушакӣ метавонад дар ҳаво мушаки Кореяи Шимолиро бизанад ва сарнагун кунад. Ҳонг Лӣ-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Чин гуфт, ҳамаи ҷонибҳо бояд “хештандорӣ” нишон диҳанд ва аз гирифтани тасмиме, ки дар оянда вазъро бадтар созад, худдорӣ кунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG