Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Доғистон имоми масҷиди Бунақ террор шуд


Пулиси ҷумҳурии Доғистон мегӯяд, дар шаҳри Буйнақ имоми масҷид ва посбонони вай дар як инфиҷор кушта шудаанд. Куштори Гитинмагомед Абдулгапуров-имоми масҷид дар ду соли ахир ҳаштумин куштори шахсиятҳои мазҳабӣ дар ин вилояти саркаши Доғистон ба шумор меравад. Мақомоти Доғистон мегӯянд, афроди номаълум як бами дастисохти ҳидоятшавандаро дар дохили хокрӯбаҳо пинҳон кардаанд ва онро аз дур бо кӯмаки телефон ба таркиш даровардаанд. Абдулгапуров бо интиқодҳои худ аз тундравҳои исломӣ шӯҳрат пайдо карда буд. Баъд аз гирифтани чанд таҳдиди марг вай зери ҳимояти пулис қарор дошт.
XS
SM
MD
LG