Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳримҳои ИА бар зидди кишварҳои саркаш бештар мешавад


Интизор меравад, ки вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бар зидди режимҳои Сурия, Эрон ва Беларус таҳримҳои нав эълон кунанд. Намояндагони дипломатӣ мегӯянд, Асмо-хонуми Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия дар феҳристи 12 нафарест, ки дастрасӣ ба дороиҳояшон дар 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ва сафар ба ин кишварҳо мамнӯъ эълон шудааст. То ҳол Иттиҳодияи Аврупо бар зидди 150 нафар шахсони алоҳида ва ширкатҳои Сурия барои саркӯбии хушунатбори тазоҳуроти эътрозӣ чунин таҳримҳо эълон кардааст. Дипломатҳо мегӯянд, ки дар чунин феҳрист 18 нафар шаҳрвандони Эрон, 12 нафар шаҳрвандони Беларус ва 29 ширкати он низ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG