Пайвандҳои дастрасӣ

Туғёни «Ёвонсӯ» аҳолиро ба хатар рӯбарӯ кардааст


Обхезӣ дар ноҳияи Ёвон (акс аз бойгонӣ)

Обхезӣ дар ноҳияи Ёвон (акс аз бойгонӣ)

Афзоиши мизони оби дарёи «Ёвонсӯ» ва обҳои зеризаминӣ, беш аз 13 ҳазор ҷамъияти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро ба хатар мувоҷеҳ кардааст.

Толиб Саидов, раиси ҷамоати Дӯстӣ»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба РО гуфт, ки «дар ду рӯзи ахир дар пайи гармии ҳарорати ҳаво, оби дарёи «Ёвонсӯ» аз меъёр зиёд шуда ва ба заминҳои кишт ва хонаҳои мардуми атрофи он ворид шудааст, ки хисоротеро ба дунбол дорад.»

Мушкили дигаре, ки чунин вазъи номуносиберо барои мардум эҷод кардааст, рӯ задани обҳои зеризамист. Ба ин тартиб он гуна, ки Толиб Саидов, раиси ҷамоати «Дӯстӣ»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъкид кард, дар ҳоли ҳозир аз паёмади афзоиши оби дарёи «Ёвонсӯ» ва обҳои зеризаминӣ, сокинони деҳаҳои Бӯстон, Ғалаба, Архур, Октябр, Навбаҳор ва Фурқат бештар зарар дидаанд.

Ба гуфтаи вай, дар пайи афзоиши оби дарёи «Ёвонсӯ», қитъаҳое аз роҳи мошингард ба самти маркази ноҳия хароб шудааст. Вай ҳамчунин гуфт, дар бархе аз деҳаҳо девори хонаҳои истиқоматӣ, ҳезумхонаву оғилхонаҳо ва заминҳои наздиҳавлигӣ хароб шудааст, ки эҳтимол теъдоди хонаҳои зарардида ба беш аз 100 адад расад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинон бо истифода аз белу каланд дар муқобили ин офати табиӣ истодагарӣ доранд, то битавонанд ҳар чӣ зудтар ҷараёни обро ба дигар самт гардонанд.

Вуқӯъи ин ҳодиса дар ҳолест, ки зимни тамос ба бахши навбатдорӣ ва Маркази идораи Кумитаи ҳолатҳои фавдқулоддаи назди Ҳукумат, аз вазъи пешомада изҳори бехабарӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол Толиб Саидов, раиси ҷамоати «Дӯстӣ» -и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфт, ки онҳо номаеро омода кардаанд, ки бо зудтарин фурсат барои кӯмак ба ниҳодҳои зирабт, ба хусус Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода муроҷиат хоҳанд кард. Ҳамчунин ба таъкиди вай, талош хоҳад шуд, то хонаводаҳои осебдида ва дар маҳалли хатар қарордошта ба минтақаҳои амн кӯч дода шаванд.

Зимнан, ҷамоати деҳаи «Дӯстӣ» дорои беш аз 16 ҳазор аҳолӣ аст, ки умдатан ба кишоварзӣ машғул ҳастанд.

Дарёи «Ёвонсӯ» дар васати ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвон қарор дорад ва ҳар сол бо об шудани барф, хатари зиёд шудани мизони оби ин дарё ба мушоҳида мерасад.
Хоки ин минтақа низ ковок буда ва ҳар сол дар аввали баҳор бо гарм шудани ҳарорати ҳаво, мавориди рӯ задани обҳои зеризаминӣ ба мушоҳида мерасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG