Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзномаи «Халқ» - нашрияи Ҳизби коммунисти Чин аз иқдомоти Вашингтон барои таҳрими нафти Эрон интиқод кард.

Ин рӯзнома, ки дидгоҳи ҳизби ҳокими ин кишварро баён мекунад, дар матлабе, ки рӯзи панҷшанбе нашр кард, талошҳои Амрикоро барои маҳдудият ва қатъи содироти нафти Эрон иштибоҳ ва худхоҳона хонд ва навишт, ки Чин инро ҳаққи худ медонад, ки аз Эрон нафт ворид кунад.

Ин нашрия менависад, «Яке аз вижагиҳои ошкори якҷонибагароӣ ин аст: қонунҳои кишваре табдил ба қонунҳои ҷаҳон бишавад, ҳама бояд онро эҳтиром бигузоранд ва агар чунин накунад, муҷозот хоҳанд шуд.»

Рӯзномаи «Халқ» дар идома навиштааст, ки рафторҳои ба таъбири ин рӯзнома «яктарафа»-и Амрико сабаби вазъияти печида дар Афғонистон ва Ироқ шуд.

Рӯзномаи «Халқ» бо ишора ба вазъи Афғонистон ва Ироқ менависад: “Ин воқеиятҳо бори дигар нишон дод, ки якравӣ роҳи ҳалли масоил нест ва танҳо ба печидатар шудан ва бадтар гаштани вазъ меанҷомад ва на танҳо оташро хомӯш намекунад, балки онро шӯълавартар хоҳад кард.»

Амрико ахиран ва бино ба дархости кишварҳои харидори нафти Эрон, 11 кишварро аз таҳримҳои бонкии Эрон озод кард, аммо Чин ва Ҳинд шомили ин рӯйхат нестанд.

Амрико гуфтааст, ки ин гузашт ба хотири талоши ин кишварҳо барои коҳиши хариди нафт аз Эрон сурат гирифтааст. Чин Ҳинд ва Ҷопон аз харидорони аслии нафти Эрон ҳастанд ва тибқи омор, ин кишварҳо дар маҷмӯъ рӯзона ду миллиону 600 ҳазор бушка нафт аз Эрон ворид мекунанд.

Таҳрими Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз он ҷо, ки низоми бонкии Эронро ҳадаф қарор додааст, пардохти пул ба Эронро барои воридкунандагон бо мушкил рӯбарӯ кардааст.

Чин, ки аз таҳримҳои нафти Эрон нохушнуд аст, бино ба гузоришҳои мунташиршуда дар моҳи гузашта воридоти нафти худро аз Эрон коҳиш дод. Далели коҳиши воридот, фишор бар Теҳрон барои кам кардани нархи нафт унвон шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG