Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишонаҳои дилсардӣ миёни Қирғизистон ва Русия?


Раисони ҷумҳури Қирғизистон ва Русия

Раисони ҷумҳури Қирғизистон ва Русия

Мулоқоти раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо сарвазири Русия Владимир Путин натиҷаи муҳиме надод.

Пас аз дидори Отамбоев бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев низ ягон эъломияи пурмӯҳтавое нашр нашуд. Баръакс дар ин рӯзҳо Маскав қонуни дарёфти осони шаҳрвандии Русия аз тарафи шаҳрвандони Қирғизистонро бекор кард. Ин қонун дар давраи раёсатҷумҳурии Қурмонбек Боқиев қабул шуда, бино бар он дар як сол то 47 000 нафар аз қирғизҳо шаҳрвандии Русияро дарёфт мекарданд.

Занҷираи ин таҳаввулот сабаб шудааст, ки коршиносон аз оғози сардие миёни ду кишвар ҳарф зананд.

Қирғизистон то ба ин солҳо интизор буд, ки Русия ба ваъдаҳои худ вафо мекунад ва дар такмили корҳои сохтмонии нерӯгоҳи барқӣ-обии Қамбарота саҳм мегирад ва якҷоя бо Қирғизистон бар рӯи рӯдхонаи Норин нерӯгоҳҳои дигари барқи обӣ месозад. Гузашта аз ин, тибқи тавофуқоти ҷонибҳо, Русия қавл дода буд, ки манобеи газ дар вилояти Ҷалолободро таҳқиқ мекунад ва дар оянда барои раҳоии Қирғизистон аз бӯҳрони энержӣ дар истихроҷи газ аз ин манобеъ ба Қирғизистон ёрӣ мерасонад. Вале Русия то ҳол аз иҷрои ваъдаҳои худ канораҷӯӣ кардааст.

Гузашта аз ин Русия ҳамеша Қирғизистонро мазаммат мекунад, ки ӯҳдадориҳояшро иҷро накардааст. Вале Айданбек Ахматов,коршиноси қирғиз

Айданбек Ахматов,коршиноси қирғиз

Айданбек Аҳматов-коршиноси умури Қирғизистон дар Радиои Озодӣ дар ин бора чунин гуфт: “Сардии муносибот ба хубӣ дида мешавад. Мушкилиҳо ҳал намешаванд. Ҳоло раисиҷумҳури мо ин мушкилиҳоро ошкор мекунад. Пештар ин тавр набуд. Русия ҳамеша муттаҳам мекунад, ки Қирғизистон қарордодҳои худро бо Русия иҷро намекунад. Ҳоло кишвари мо собит сохтааст, ки Русия қарордодҳоро иҷро намекунад.”

Коршиносон мегӯянд, ҳузури пойгоҳи низомии Амрико дар Қирғизистон ҳамеша ба торҳои асаби Русия нохун мезанад ва мехоҳад дар ин кишвар ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ барои худ соҳиби имтиёзҳои беохир бошад. Пас аз боздиди Леон Панетта, вазири дифои Амрико аз Қирғизистон, нерӯҳои сиёсии рӯ ба Маскави Қирғизистон ба таври тааҷҷубангез аз ҳукумати кишвари худ тақозо карданд, ки дар зарфи 10 рӯзи оянда пойгоҳи низомии Амрикоро аз Қирғизистон берун ронад. То он вақт Русия борҳо ба Қирғизистон фишор оварда буд, ки ин пойгоҳро бибандад.

Амрико мехоҳад баъд аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон ин пойгоҳро ба маркази ҳамлу нақли колоҳои ғайринизомӣ табдил диҳад. То соли 2009 Қирғизистон барои иҷораи ин пойгоҳ 17,5 миллион доллар мегирифт. Вале аз соли 2009 ба ин сӯ иҷораи он ба 60 миллион доллар расидааст.

Ҳоло Русия ба НАТО пешниҳод кардааст, ки Маркази ҳамлу нақли колои Амрико барои Афғонистон ба вилояти Уляновски Русия кӯч дода шавад. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия низ зимни суханони худ дар Думаи Давлатӣ ба ин масъала ишора кард ва гуфт, “ҳоло қарордод дар бораи эҷоди пойгоҳи ҳамлу нақли колоҳои НАТО дар вилояти Уляновск эътибор пайдо накардааст.”

Вазирони дифои Қирғизистон ва Амрико

Вазирони дифои Қирғизистон ва Амрико

Тибқи пешбиниҳо, ин пойгоҳ ҳамон нақшеро бозӣ хоҳад кард, ки ҳоло пойгоҳи "Манас" дар Қирғизистон бар ӯҳда дорад. Фақат тафовут он аст, ки ба пиндори Русия пойгоҳҳои Ғарб дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд баста шаванд, зеро он гӯиё минтақаи стратегии зери нуфузи Русия аст ва дар ин минтақа фақат пойгоҳҳои низомии Русия метавонанд ҷойгир бошанд.

Ҳоло, ки Қирғизистон ҳақталошӣ мекунад ва ба унвони кишвари мустақил мехоҳад дар баробари Русия бо кишварҳои дигари ҷаҳон низ, аз ҷумла бо ҳамсояаш Чин ва кишварҳои ғарбиву ҷаҳони араб сиёсати мустақили ҳамкориҳояшро таъйин кунад, Русия дар тахтаи бозӣ бо Қирғизистон аз гаштҳои маъмулӣ ва ҷоҳталабонаи худ кор мегирад. Бо баргашти “расмӣ”-и Владимир Путин ба курсии қудрат, ин рангҳо дар сиёсати Русия ҷилои тоза пайдо кардааст.

6-уми марти соли ҷорӣ Русия таҳдид кард, ки имтиёзҳои дарёфти шаҳрвандии Русия барои қирғизҳоро аз байн мебарад. Алексей Малашенко, ҳамраиси Маркази таҳлилии Карнегӣ дар Маскав ин рафтори Русияро нодуруст медонад: “Ба назари ман, ҳоло ин равиши Русия дар масъалаи имтиёзҳои дарёфти шаҳрвандӣ ва ғайраву ва ғайра пайгирона нест.”

Алексей Малашенко, коршиноси рус

Алексей Малашенко, коршиноси рус

Норизоятии Русия ё “ҳушдор”-и Русия ба кишварҳои зери нуфузаш аз роҳҳои дигар низ дар гузаштаҳо ба мушоҳида расидааст. “Мубориза” бо меваҳои хушки Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиву Озарбойҷон, “мубориза” бо шири Беларусу панири Украина, винои Молдоваву оби “Барҷомӣ” ва винои Гурҷистонро касе фаромӯш накардааст ва медонад, ки Русия “зери коса чӣ нимкоса” дорад.

Коршиносон мегӯянд, ҳоло марҳилаи ба “ғазаб”-и Русия дучор шудани Қирғизистон фаро расидааст ва сабабаш он аст, ки мехоҳад чун кишвари мустақил ҳаққи худро шиносад ва сиёсати хориҷии худро таъйин намояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG