Пайвандҳои дастрасӣ

Сарбоз Бейлз дар қатли 17 афғон айбдор хоҳад шуд


Сарбози Иёлоти Муттаҳида Роберт Бейлз дар қатли 17 рустоии афғон айбдор хоҳад шуд. Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, вай инчунин ба шаш мавриди кӯшиши қатл, шаш мавриди ҳамлаи сангин, радди вазифа ва дигар поймолкуниҳои қоидаҳои низомӣ муттаҳам хоҳад шуд. Бейлз айбдор мешавад, ки субҳи рӯзи 11-уми март аз пойгоҳи худ дар ҷануби Афғонистон берун рафта, дар ду деҳаи вилояти Қандаҳор нӯҳ кӯдак ва ҳашт калонсолро кушта ва баъзе аз аҷсодро сӯзондааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG