Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА: Об дар оянда сабаб ва баҳонаи ҷангҳо мешавад


Бино бар гузориши нави Иёлоти Муттаҳида, масъалаҳои марбут ба он дар пасманзари коҳиши захираҳои он ба оташ гирифтани низои байни давлатҳо сабаб гашта, боиси нокомии онҳо ё сӯистифодаи террористҳо аз ин масоил мегардад. Гузорише, ки дар Рӯзи Ҷаҳони Об нашр шуд, бо талаби вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон дар асоси маълумот ва таҳлилҳои махфии амниятӣ таҳия шудааст ва худи ӯ гуфт, ин иттилоъ воқеан нигаронкунанда аст. Бино бар гузориш, “низоъи байни давлатҳо дар давоми 10 соли оянда пешбинӣ намешавад”, аммо имконияти чунин ҷангҳо баъд аз соли 2022 аз гумон ба яқин табдил хоҳад ёфт. Махсусан, дар Африқои Шимолӣ, Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ афзоиш аҳолӣ, камбуди об, селу хушксол, фишори бештари тағйир иқлим ва коҳиши хӯрокворӣ сабабу баҳонаҳои ҷанг хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG