Пайвандҳои дастрасӣ

Машваратҳои Туркманистон ва ИМА дар Вашингтон


Ҳайати баландпояи Туркманистон таҳти сарварии ноиби сарвазир ва вазири умури хориҷии ин кишвар Рашид Мередов барои машваратҳои солонаи дуҷониба бо Иёлоти Муттаҳида вориди Вашингтон шуд. Ибтидо Мередов бо вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон мулоқот кард ва акнун нишасти ҳайатҳо ҷараён мегирад. Ёвари Клинтон дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк низ бо ҳайат мулоқот мекунад. Бино бар изҳороти сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Ишқобод, тарафҳо масъалаҳои марбут ба амнияти минтақаӣ, вазъи Афғонистон, ҳамкориҳо дар риштаи башарӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG